Таснифоти экспертизаи маводхо, моддахо  ва маҳсулот 

  • 1.2. Таснифоти экспертизаи маводхо, моддахо  ва маҳсулот 

Аз рўи натичахои амалия маълум аст,  ки бештар хангоми содир гардидани чиноятхо  дар чои ходиса маводхо, моддахо ва маҳсулотхои гуногун  ва ё  боќимондахои онхо дар шакли заррачаҳои хурд монданаш мумкин аст,  ки аз рўи нишонахои онхо сири чиноятхои содиршудро фош намудан мумкин аст. Дар илми криминалистика ин заррачахо бо номи микрообъектхо  маъмул гаштаанд.

Микрообъектхо:  Аз хама маълумотхои зарури ва ахамияти мухим  дошта дар  экспертизаи  маводхо, моддахо ва маҳсулот   микрообъектхо  ба шумор мераванд. Аз рўи маълумотхои илми ва амали як ќатор  илмхои дигар  муайян карда шудааст, ки маҳсулотхои аз андозаи  10 \6 –г то 10 \6-мг  ва аз ин хурдтар микрообъектхо  ном бурда мешавад. Аммо  дар илми криминалистика махсулотхое, ки   бо чашми одди  дидан ѓайри имкон аст, ба монанди хар гуна муйњои андозааш хурдтарини  бадани инсон, ќисмхои хурди шиша, металхо, наххои либосу ќоѓаз ва ѓайрахо, ки андозаи онњо  аз 1 мм хурд аст, микрообъектхо  фањмида мешавад. [1]

Дар илми криминалистика аз хама микрообъектхои  зарур, объектхои хурд, ки ба чинояти содиршуда  таалуќ доранд, онхо ба хисоб мераванд.  Дарёфт ва  гирифтани онхо аз чои ходиса ва ё чои чиноят нисбат бо абъектхои калонхачм душвортар буда вале дар тафтишот ва кушодани олоти чиноят маќоми махсусеро ичро менамоянд. Дар илми криминалистика микрообъектхо ба се гурух чудо карда шудааст.

  • Микропайхо он пайхое, ки дар сохаи пайшиноси бештар ахамият дошта барои  муайян намудани холатхои зарури дар парвандахо аз руи пайхои ноайёни  хурдтарин барои  муайян намудани холатхои зарурро мусоидат менамоянд.
  • Микрозаррахо (сохти хурдтарини чисм)
  • Шумораи микромаҳсулотхо ( махсулотњои гуногун дар шакли хурдтарин карордошта)

Дар ташхиси криминалистии маводњо моддањо  ва маҳсулот навъи гурўњҳои микрообъектњо вуљуд дошта  онњо  ба панљ  намуд таќсим карда шудааст:

1) Морфологї-њолати дохилї ва берунии микрозаррањо.

2) Таркиб, сохт ва хусусиятњои дигари микрообъектњо.

3) Њолати махсулот ё микробъект дар предмети ќабулкунанда (мисол, њангоми дар чихоли нишасти мошин микрообъектњои синтетикї, аз либос  боќимонда ).

4) Љойи љойгиршавии микрообъектњо дар предмети  ќабулкунанда

(Мисол,  маводњои  локу ранги дар танаи либоси љабрдида, ки ин аз он њангоми бархурд бо автомашина дар либос боќї мондааст).

5) Омузиши маводњои гуногун ба предмети микрообъектро  ќабулкунанда (мисол, њангоми муносибат  предмет бо   либос яъне микрообъектњои  дар тани либос боќимонда то кадом андоза бо дигар предметњои љои њодиса мувофиќат менамоянд  ). [2]

Њангоми ёфтан ва гирифтани  микрообъектњо аз  љойи њодиса ва тадќиќоти онњо дар шароитњои лабароторї,  тарзи дурусти истифодаи  таљњизотњо,  тартиби эњтиёткоронаи роњњои интиќоли микрообъектњо ва истифодаи предметњои интиќолдињанда, асоси  кори криминалистон  ба њисоб меравад.

Дар ваќти кор бо микрообъектњо  њолатњои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

-њангоми људо намудани микрообъектњо аз предмети интиќолдињанда, онњо тартиби  бастубанд кардан  дуруст ба роњ гузошта шаванд, то ин  ки  микрообъектњои мазкур ба њолати  нестшавї,  вайроншавї  ва деформатсия ќарор нагиранд;

-њангоми гирифтани микрообъектњо аз предмети интиќолдињанда интихоби усулњои истифода шуда,   њангоми  интихоби навъи басту банди мавводњо,  тарзи  муносибат намудан бо  микрообъект кушиш намудан зарур аст, ки микрообъектњо,  таркиби микрообъектњо, шакл ва њолати мавод таѓийр наёбад, њамчунин пайњои берунии  гирду атрофи маводњо,  моддањо, маҳсулот ва микрообъектњо  таѓйир наёбанд;

-гирифтани микрообъектњо аз љойи њодиса чунон сурат гирад, ки њолати микрообъектњо дар предмети ќабулкунанда таѓир наёбад.

Микрообъектњо (аз њама зиёд ин  микрозаррањо ва  микрошуморањои маводњо, моддањо ва маҳсулот),  бо љиноятњо алоќаманди дошта,  дар њар љойњои  љиноят содиршуда боќї мемонанд. Тариби кор бо онњо бояд  чунин  ба роњ монда шавад, ки  шароити њам гирифатни микрообъект ва њам  микропайњо ќулай бошанд.

Эксперт криминалист њангоми азназаргузаронии љои њодиса ва ёфтану гирифтани микрообъекњо ва микрозаррањо аз донишхои махсуси худ  истифода намуда бо техникањои  лозима ба  азназаргузаронии љои њодиса шуруъ намояд. Хангоми  расидан ба љои њодиса эксперт криминалист  бо муфаттиш  сарњадњои љои њодисаро муайян намуда, мавќеъи роњравњоро барои дигар иштирокљоиёни азназаргузаронии љои њодиса муќаррар намояд. Гаштугузори  шахсони дигарро  дар чои ходиса  манъ кунад. Чунин амалњо ба он хотир ба роњ гузошта мешаванд, ки пайњои  дар љои њодиса гум нашуда,  микрообъектњо ва микрозаррањо дар љои њодиса поймол нагарданд, нест нашаванд ва ё дигар заррачањо аз  худи иштирокчиёни азназаргузаронии љои њодиса  боќи намонанд.

Тибќи моддаи 182 КМЧ Чумхурии Точикистон иштирок дар азназаргузаронии чои ходиса  мумкин аст мутахассисе, ки тадќиќоти пешакии объектњоро мегузаронад љалб карда шавад. Мутахассис ки дар азназаргузаронии љои њодиса  иштирок менамояд таритиби азназаргузарони ва гирифтани  объектњо аз љои њодиса дуруст ба роњ гузороад. Чун ки дилхоњ амали нодурусти мутахассис  дар љои њодиса метавонад њолати аввалаи объектро таѓйир дињад ва ё объектро ба  нобудшави оварда расонад.

Бо  микрообъектњое, ки гирифтани онњо аз љои њодиса ѓайриимкон аст, вале ањамияти онњо дар тафтишот заруранд, (микрообъектњое, ки дар предметњои дигар часпидаан ва људо намудани онњо ѓайриимкон мебошад, омехташавии микрообъектњо ба њар гунна маводњо, моддањо ва маҳсулот) чунин  муносибат кардан мумкин аст:

А) Мушаххас сабт намудани  микрообъект дар поротоколи азназаргузаронии љои њодиса ва аксбардории он;

Б) Дар њолатњои  аз љои њодиса  гирифтани онњо  мумкин будан бояд  онњо дар   плёнкањои махсус, дар дохили зарфњои махсус мувофиќ ба муњити тобоварии онњо  гирифта шаванд.

Дар  њолатњои таѓирёбие, ки њангоми људо намудани микрообъект аз предмети интиќолдињанда ба вуљуд омадан мумкин  бошад, дар чунин маврид дар рафти амалњои тафтиши, њаракатњои оперативї ва  эксперти маводњои дар  парванда зарурбуда  бо истифода аз роњу усулњои криминалистї  (аксбардорї,  нусхабардорї,  то андозаи лозима гирифтани онњо бо магнит ва часпакњои дигар) иљро кардан зарур аст.

Дар илми криминалистика   микрообъектњо ва  микрозарањои  аз њама зарур  он микрообектњое дониста мешаванд, ки   онњо барои кушодани љиноят маълумотњои  аниќ ва зарурї   медињанд. Инчунин  микрообъект ва микрозаррањои зарури  метавонанд  дар бораи  маҳсулот, модда  ва маводњо хабарњои зарури дињанд. (Масалан  њангоми дар љои несту нобуд намудани предметњое, ки  дар содир намудани љиноят истифода бурда шудаанд) .

Маводњо, моддањо ва махсулотро  дар  намуди пора-пора гардонидашуда ва ё  дар намуди  микрозаррањо  ёфта гирифтан мумкин аст. Дар ин њолат бо онњо бо диќќатона рафтор карда, дар натиљаи дарёфт намудан ва гирифтани онњо аз таљњизотњои криминалистї аз ќабили таљњизотњои  равшанињои гуногундошта, пурбинњо, оњанќапакњо (магнит)  таљњизоти металаискател, ќоѓазњои часпанда  ва ѓайрањо истифода бурдан зарур аст. Назар ба дарёфт намудани онњо яъне дар  шакли порагашта  ва ё дар  шакли  заррачањои хурд  гирифтани онњо  каме душвор мебошад. Вале  њангоми дуруст истифодабарии воситањои  илмї  ва  таљњизотњои киримналистї  дар  дарёфт намудан  ва гирифтани онњо  њељ душвори ба миён намеояд.

 



Яндекс.Метрика